Мактабҳои олии Эстония донишҷӯёни тоҷикро интизоранд

Профессори Донишгоҳи техникии Таллин Кулдар Таветер зимни суҳбат бо журналистони тоҷик дар Эстония изҳор намуд, ки яке аз мактабҳои олии бузурги ин кишвар донишҷӯёни тоҷикро интизор аст. Ӯ қайд кард, ки дар донишгоҳ 12 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки зиёда аз 600 нафарашон шаҳрвандони 60 кишвари саросари ҷаҳонанд, лекин миёни онҳо ягон шаҳрванди Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Профессори Донишгоҳи техникии Таллин Кулдар Таветер зимни суҳбат бо журналистони тоҷик дар Эстония изҳор намуд, ки яке аз мактабҳои олии бузурги ин кишвар донишҷӯёни тоҷикро интизор аст.

Ӯ қайд кард, ки дар донишгоҳ 12 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки зиёда аз 600 нафарашон шаҳрвандони 60 кишвари саросари ҷаҳонанд, лекин миёни онҳо ягон шаҳрванди Тоҷикистон нест. «Дар факулта ва пажуҳишгоҳҳои донишгоҳ ҳудуди 2 ҳазор нафар машғули коранд, ки 154 нафарашон профессор мебошанд»,  – гуфт профессор.

Ба қавли Кулдар Таветер, таҳсил бо забонҳои эстонӣ ва англисӣ роҳандозӣ шуда, дар ин муассисаи таълимӣ факултаҳои сохтмон, энергетика, ҷомеашиносӣ, технологияҳои иттилоотӣ, кимиё ва технологияи мавод, иқтисод, математика, илмҳои табиӣ ва факултаи механика амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки таҷрибаи Эстония дар истифодаи ҳукумати электронӣ имрӯз намунаи ибрати бисёр кишварҳо аст. Аз ин рӯ, барномаи магистрии «Технология ва ҳизматрасониҳои электронӣ» миёни донишҷӯёни хориҷӣ бештар писандида аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.