Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Аз 1 ноябр аҳолии Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба ҷои 12,6 дирами пешина 14,6 дирам пардохт мекунад; – Аз 1 ноябр ширкати «Вавилон-М»  дубора бақайдгирии SIM-кортҳоро оғоз мекунад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  […]

Asia-Plus

АНОНС

– Аз 1 ноябр аҳолии Тоҷикистон барои 1 кВт/соат нерӯи барқ ба ҷои 12,6 дирами пешина 14,6 дирам пардохт мекунад;

– Аз 1 ноябр ширкати «Вавилон-М»  дубора бақайдгирии SIM-кортҳоро оғоз мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8769 сомонӣ;

1 евро – 8.6268 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1211 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1929 – Нусхаи нахустини рӯзномаи «Советский Таджикистан» (феълан «Народная газета») нашр шуд.

1960 – Корхонаи дастгоҳи шиддати пастволти Адрасмон мавриди истифода қарор гирифт.

2010 — Дар Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои араб дар Тоҷикистон – сафоратхонаи Арабистони Саудӣ боз шуд.

1939-1993 – Зодрӯзи нависанда Баҳром Фирӯз.

1948 – Мавлуди журналист Сироншои Диловар.

1950 – Зодрӯзи раққоса Садбарг Қосимова.

1951 – Мавлуди мураббии дараҷаи байнулмилалӣ оид ба самбо Шеравлиё Шеравлиёев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8 рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+7, рӯзона +22+25, дар доманакӯҳҳо шабона 0+4, рӯзона +10+15. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+9, рӯзона +25+28.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +8+11, рӯзона +15+20.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +23+25.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.