Даъвати намояндагони Тоҷикистон ба фестивали «Шашмақом» дар Ню-Йорк

Панҷ нафар намояндагони Тоҷикистон ба фестивали «Шашмақом» ба шаҳри Ню-Йорк даъват шудаанд, ки моҳи ноябр ба хотири садсолагии Нериё Аминов, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ, шашмақомсарои маъруфи тоҷик доир мегардад. Роҳбари ансамбли давлатии Тоҷикистон «Шашмақом» Фурқати Саид ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фестивал рӯзҳои 12-13 ноябр баргузор шуда, он аз ҷониби пайвандону наздикон […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Панҷ нафар намояндагони Тоҷикистон ба фестивали «Шашмақом» ба шаҳри Ню-Йорк даъват шудаанд, ки моҳи ноябр ба хотири садсолагии Нериё Аминов, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ, шашмақомсарои маъруфи тоҷик доир мегардад.

Роҳбари ансамбли давлатии Тоҷикистон «Шашмақом» Фурқати Саид ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фестивал рӯзҳои 12-13 ноябр баргузор шуда, он аз ҷониби пайвандону наздикон ва ҳаводорони ин жанри мусиқӣ созмон дода мешавад.

Овозхонон Абдурашид Абдувалиев, Ситораи Кароматулло, Гулчеҳра Қурбонова, шоираи таронасаро Шоираи Раҳимҷон ва худи Фурқат Саид барои иштирок дар ин чорабинӣ даъватнома гирифтаанд.

Ба қавли Фурқати Саид, даъватшудагон то ҳол раводидҳои ИМА-ро нагирифтаанд ва рӯзи 1 ноябр бояд аз суҳбати консули ИМА дар Душанбе гузаранд.

Дар фестивал иштироку ҳунарнамоиҳои Малика Қаландарова, Роман Толмасов, Рошел ва раъно Аминоваҳо, Эзро Малаков ва дигарон дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.