Гунаҳкори занозанӣ: «Ӯ ба ман безеб нигоҳ кард»

Asia-Plus

Аз рӯи далели авбошӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ бо иштироки толибилмони мактаби таҳсилоти умумии №53-и шаҳри Душанбе, ки ҳафтаи гузашта рух дода буд, мутобиқи моддаи 237, қ. 3 (Авбошӣ бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Сухангӯи ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ба тафтиши ин ҳодиса Вазорати корҳои дохилӣ машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта кормандони милитсия 4 нафар ноболиғони 16-17-сола, хонандагони синфи 11-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахтро ба гумони авбошӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир намуданд.

Онҳо дар дохили мактаби миёна аз ҳиссиёти  авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамдигарро лату кӯб мекунанд ва яке аз онҳо бо корди дасташ 2 маротиба ба пойи хонандаи дигар задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд.

Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидуллохон Фақеров ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки муноқишаву занозанӣ пас аз он сар задааст, ки яке аз иштирокчиёни он чунин шуморидааст, ки ҷабрдида «ба ӯ безеб нигоҳ кардааст».

Ҳодисаҳои ба ин монанд тайи соли охир бори аввал нестанд. Аввали моҳи июн кормандони милиса 7 нафар хонандагони яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо барои ташкили занозании оммавӣ боздошт намуданд. Гумонбаршудагон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Охири моҳи май низ ду нафар донишҷӯён – сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 19-солаи шаҳри Душанбе ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир шуда буданд. Онҳо дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, хонандагонро зери лату кӯб қарор дода буданд.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев чандин маротиба аз ин ҳодисаҳо нигаронӣ изҳор намуда, дар яке аз машваратҳои моҳи июн зикр кард, ки муноқишаҳои оммавӣ дар мактаб натиҷаи муносибати хунукназаронаи нозирони минтақавии милитсия ва кормандони соҳаи маорифи пойтахт ба вазифаҳои худ аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд карда буд, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳодисаҳо, нисбати шахсони масъул ва волидони хонандагон мутобиқи қонунгузории кишвар чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.