Ду ҳафта таҳқиқи сабаби қатъи сартосарии барқ дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда қариб тамоми ҷумҳурӣ бе нерӯи барқ монда буд. Айни замон мутахассисон сабабҳои онро таҳқиқ мекунанд.

«Барои муайян кардани сабабҳои бозистии кори агрегатҳои нерӯгоҳи барқи обии Норак комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Пас аз анҷоми кори ин комиссия натиҷаҳои он ба ҳамагон шарҳ дода мешавад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик».

Зимнан зикр гардид, ки кори комиссияи зикршуда ҳадди ақал ду ҳафта идома хоҳад ёфт.

Қаблан аз ширкат иттилоъ дода буданд, ки ин ҳолати ғайримунтазира дар Тоҷикистон бинобар сабаби бозистии агрегатҳои нерӯгоҳи Норак ба иллати носозиҳо дар низоми энергетикии кишвар ва таври автоматӣ ба кор даромадани низоми зиддисадамавӣ ба вуҷуд омад.

«Бо ин сабаб соати 18:29 дақиқаи рӯзи 28 октябр қариб ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли барқ қатъ шуд. Танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барқ таъмин буд», – гуфт ба «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи бонавбат дубора ба кор даровардани агрегатҳои нерӯгоҳ ва таъмини кори хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, марҳила ба марҳила интиқоли барқ барқарор карда шуд.

«Шоми ҳамин рӯз раиси ширкат Мирзо Исмоилзода тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ин вазъро шарҳ дода, барои рӯйи кор омадани чунин ҳолати ногувор аз аҳолӣ маъзарат хост», – иттилоъ дод Ёдгорӣ.

Айни замон низоми энергетикии ҷумҳурӣ бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...