Лимити барқ дар Тоҷикистон расман ҷорӣ шуд

Дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон аз 1 ноябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ (лимит) ҷорӣ шуд. Дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор мекунанд, ки лимит ба хотири сарфаи оби обанбори Норак мавриди амал қарор гирифтааст. Котиби матбуотии ширкат Нозир Ёдгорӣ дар ин робита қайд кард, ки вазъи обуҳавои ҳозира ба таъмини пурраи кишвар бо нерӯи барқ, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон аз 1 ноябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ (лимит) ҷорӣ шуд. Дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор мекунанд, ки лимит ба хотири сарфаи оби обанбори Норак мавриди амал қарор гирифтааст.

Котиби матбуотии ширкат Нозир Ёдгорӣ дар ин робита қайд кард, ки вазъи обуҳавои ҳозира ба таъмини пурраи кишвар бо нерӯи барқ, ки танҳо аз маҷрои дарёи Вахш истеҳсол мешавад, имкон намедиҳад.

«Аз ин рӯ, лозим меояд, ки аз захираҳои обанбори Норак истифода барем, – гуфт ӯ. – Лекин барои ҳарчи бештар сарфа кардани ин захираҳо, мо  маҳдуд кардани истифодаи барқ дар минтақаҳои деҳоти кишварро зарур шуморидем».

Ба қавли номбурда, айни замон ба минтақаҳое, ки дорои дигар сарчашмаҳои энергия мебошанд, интиқоли нерӯи барқ тибқи реҷа сурат мегирад.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ 35-38 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, ба минтақаҳои ҷумҳурӣ бо назардошти шумори аҳолӣ ва фаъолияти иншооти саноатӣ тақсим карда мешавад.

«Ба минтақаҳои кишвар нерӯи барқ на дар соатҳои муайян, балки дар ҳаҷми муайян интиқол дода мешавад, яне агар ин ҳаҷм боэҳтиёт ва сарфакорона истифода шавад, он барои муддати зиёд кофӣ хоҳад буд», – иброз дошт Ёдгорӣ.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки шаҳри Душанбе, марказҳои вилоят ва шаҳрҳои бузурги саноатии кишвар бидуни маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.