Болоравии нарху тарифҳо дар Тоҷикистон дар як сатҳ бо Русия

Аз рӯи сатҳи таваррум миёни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон «дар байн» қарор дорад. Нарху тарифҳо дар ҷумҳурӣ тақрибан дар як сатҳ бо Русия боло мераванд. Мизони таварруми бештар баландтар дар паҳнои ИДМ дар Беларус ба қайд гирифта шудааст. Сардори шуъбаи омори нархҳо ва тарифҳои Агентии омори назди президенти ҶТ Абдухалил Наҷибуллоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, […]

Asia-Plus

Аз рӯи сатҳи таваррум миёни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон «дар байн» қарор дорад. Нарху тарифҳо дар ҷумҳурӣ тақрибан дар як сатҳ бо Русия боло мераванд. Мизони таварруми бештар баландтар дар паҳнои ИДМ дар Беларус ба қайд гирифта шудааст.

Сардори шуъбаи омори нархҳо ва тарифҳои Агентии омори назди президенти ҶТ Абдухалил Наҷибуллоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 5,0% ва дар ифодаи солона – 6,4%-ро ташкил дода, ин нишондиҳандаҳо дар Русия мутаносибан ба 4,1% ва 6,4% баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози сол мизони таваррум дар Беларус – 8,3%, Украина – 6,4%, Қазоқистон – 5,6% ва Русия – 4,1%-ро ташкил дода, дар ин давра дар як қатор кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Қирғизистон, Молдова ва Арманистон дефлятсия (баланд бардоштани имконоти харидорпазирии пули маҳаллӣ, ки дар поинравии индески нархҳо ифода меёбад) ба мушоҳида расид. Дар Арманистон индекси нархҳои истеъмолӣ – 96,3%, Қирғизистон – 97,5% ва Молдова – 99,3%-ро ташкил дод.

Ҳамзамон моҳи сенябри соли ҷорӣ афзоиш аз ҳама бештари нархҳои истеъмолӣ нисбат ба моҳи гузашта дар Озарбойҷон (2,3%) ва Украина (1,8%) ба қайд гирифта шудааст. Моҳи гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 0,4%-ро ташкил дода буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.