Тӯйи духтари олигархи тоҷик дар Маскав бо куртаи арӯсии 40 млн. рубл

Чанд рӯз қабл дар шаҳри Маскав тӯйи арӯсии Мадина Шокирова, духтари олигархи тоҷик Илҳом Шокиров баргузор шуд. Бино ба маълумоти Life, ин маросим дар толори меҳмонхонаи Radisson Royal доир гардида, соҳибмаъракаҳои доро ба он 900 нафарро даъват кардаанд. Арӯс Сардор ном ҷавонеро ҳамсари худ интихоб кардааст. Вақте арӯс ба толор ворид мешавад, куртаи ӯ ҳозиринро […]

Asia-Plus

Чанд рӯз қабл дар шаҳри Маскав тӯйи арӯсии Мадина Шокирова, духтари олигархи тоҷик Илҳом Шокиров баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Life, ин маросим дар толори меҳмонхонаи Radisson Royal доир гардида, соҳибмаъракаҳои доро ба он 900 нафарро даъват кардаанд. Арӯс Сардор ном ҷавонеро ҳамсари худ интихоб кардааст.

Вақте арӯс ба толор ворид мешавад, куртаи ӯ ҳозиринро тасхир кардааст. Ин куртаро барои арӯс тарроҳони бритониёии Ralph & Russo бо арзиши 500 ҳазор фунт стерлинг (40 млн. рубл) омода кардаанд.

Пеш аз тӯй низ арӯс барои дугонаҳояш нахуст дар Марбелеи Испания дар яхта сайругашт ва фароғату дилхушӣ ташкил карда, сипас як рӯз қабл аз тӯйи арӯсӣ ба онҳо дар яке аз меҳонхонахои гаронтарини Маскав Balzi Rossi зиёфат оростааст.

Дар ин тӯйи арӯсӣ ровиён ва овозхонҳои маъруф аз қабили Иван Ургант ва Алла Михеева, Глюкоза ва Филипп Киркоров, овозхони доғистонӣ Тимур Темиров ва Сосо Павлиашвили, Леонид Агутин ва дигарон ҳунарнамоӣ ва табъи меҳмононро болида гардониданд. Барои барномаи фароғату дилхушӣ Илҳом Шокиров дар маҷмӯъ 30 ҳазор рубл маблағ масраф кардааст.

Падари арӯс – Илҳом Шокиров молики гаронтарин меҳмонхонаи Тошканд «Гранд», 65% саҳмияи маркази савдо ва дилхушии «Демир» дар Ӯзбекистон ва якчанд меҳмонхонаҳо дар вилояти Маскав аст.

Соли 2010 Илҳом Шокиров барои писараш низ, ки бо духтари муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов издивоҷ кард, як тӯйи пуршукӯҳ баргузор карда буд. Он замон дар маърака Ксения Собчак, «А-Студио», Григорий Лепс ва гурӯҳи «Ялла» ҳунарнамоӣ карда, арӯс куртаи аз ҷониби тарроҳи араб Валид Атолло дӯхташуда ба маблағи 2 млн. долларро дар бар дошт. 

https://www.youtube.com/watch?v=tje1Stak198

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.