Оғози сабти дубораи ҳатмии сим-кортҳо дар Тоҷикистон

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон аз 1 ноябр бо мақсади таъмини амният ба маъракаи дубора бақайдгирии SIM-кортҳои қаблан фурӯхташуда оғоз карданд.

Қарор дар бораи сабти дубораи симк-кортҳои муштариёни амалкунандаро ҳукумати Тоҷикистон 30 апрели соли 2016 қабул намуда, дар он аз ҷумла ҷиҳати ба тартиб даровардани фурӯши сим-кортҳо, фурӯши онҳо танҳо дар ҳолати пешниҳоди шиноснома ва ҳамчунин дубора бақайдгирии сим-кортҳои қаблан фурӯхташуда сухан меравад.

Дубора бақайдгирии рақами муштарӣ бепул сурат мегирад. Барои ин ба муштарии ҳама гуна ширкати алоқаи мобилӣ бо худ доштани шиноснома ва сим-корт зарур буда, бо ин масъала метавонад ба наздиктарин маркази хизматрасонии ширкатҳои алоқаи мобилӣ муроҷиат намояд.

Аз субҳи рӯзи сешанбе дар марказҳои хизматрасонии ширкатҳои алоқаи мобилии «Вавилон-Мобайл», «МегаФон-Тоҷикистон», Tcell, Beeline барои сабти дубораи сим-кортҳо муштариён навбат мепоянд.

Муштарӣ метавонад якчанд сим-корт дошта бошад, вале ҳамаи онҳо бояд танҳо бо пешниҳоди шиносномаи муштарӣ дастрас карда шаванд.

Ин шартҳо ба дубора бақайдгирии рақамҳои амалкунанда ҳам дахл доранд ва барои сабти дубораи онҳо низ пешниҳоди шиноснома аз ҷониби муштарӣ зарур аст. Барои ин маросим ҳеҷ гуна изи ангуштон гирифтан лозим нест.

Қоидаҳои нави харидории сим-кортҳо дар Тоҷикистон

Дар робита ба тартиботи сабти дубораи сим-кортҳо Холиқназар Ҷумъаев гуфт, қаблан харидани сим-корт дар ҳама гуна фурӯшгоҳ мағоза ё ба таври махфӣ дар кӯча низ бидуни шиноснома имконпазир буд. Ҳозир онро танҳо дар намояндагиҳои расмии ширкатҳои мобилӣ  ва бо пешниҳоди шиноснома метавон дастрас намуд.

Корбароне, ки пештар сим-кортҳои «махфӣ» гирфтаанд, уҳдадоранд, ки ба оператори худ муроҷиат карда, сим-кортҳоро дубора то охири моҳи апрели соли 2017 ба қайд гиранд. Дар акси ҳол чунин рақамҳо ғайрифаъол гардонида мешаванд.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, айни замон шумори муштариёни сабтшудаи алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ 10 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 4,9 млн. нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Моҳи август сардори Раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқаи кишвар Ҷонибек Дадоматов изҳор дошта буд, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар ҳудуди 570 адад симкортҳои ғайриқонунӣ фурӯхташуда дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Моҳи декабри соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он операторони мобилии кишвар ба сабти дубораи 7 млн. сим-корти қаблан фурӯхташуда уҳдадор мешаванд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров изҳор намуда буд, ки тайи солҳои ахир дар кишвар бидуни пешниҳоди кадом як ҳуҷҷате беш аз 70 фоиз сим-кортҳои фаъоли операторони мобилӣ фурӯхта шудаанд.

«Сим-кортҳои операторони мобилии Тоҷикистон имрӯз озодона дар минтақаи шимоли Афғонистон фурӯхта мешаванд, он ҷо нуқтаҳои қабули пардохт барои телефонҳои мобилии Тоҷикистон боз шудааст, маълумоте мавҷуд аст, ки дар марз бо кишвари мо ҷангиёни ҳаракати Толибон аз ин сим-кортҳои Тоҷикистон фаъолона истифода мекунанд», – иброз дошта буд Умаров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.