Дар 1 моҳ нақшаи даъвати ҳарбӣ 91% иҷро шуд

Бо гузашти 1 моҳ аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусалалҳи Тоҷикистон иҷрои нақша ба 91% расид. Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ итминон доданд, ки аз оғози маъракаи даъват ба тамоми арзу шикояти аз ҷониби даъватшавандагон ва волидони онҳо ба унвони вазорат воридшуда муфассал ва бо тамоми ҷузъиёт расидагӣ мешавад. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо гузашти 1 моҳ аз оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусалалҳи Тоҷикистон иҷрои нақша ба 91% расид.

Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ итминон доданд, ки аз оғози маъракаи даъват ба тамоми арзу шикояти аз ҷониби даъватшавандагон ва волидони онҳо ба унвони вазорат воридшуда муфассал ва бо тамоми ҷузъиёт расидагӣ мешавад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки аксари дархости даъватшавандагону волидони онҳо ба дар наздикии хонаҳояшон гузаштани хизмати ҳарбӣ вобаста буда, ҳамчунин бинобар сабаби ҷой доштани мушкилоти оилавӣ, мавқуф гузоштани муҳлати хизмат низ хоҳиш мешавад. «Мувофиқи имкон мо кӯшиш мекунем, ки ба дархосту хоҳишҳои даъватшавадагону волидони онҳо расидагӣ кунем», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки то имрӯз нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ВМКБ пурра – 100% ба иҷро расида ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон – 96%, вилояти Суғд – 94%, шаҳри Душанбе – 81% ва ноҳияҳои тобеи марказ низ – 81%-ро ташкил медиҳад.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони марди синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.