Иштироки нахуствазири Тоҷикистон дар нишасти СҲШ дар Бишкек

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 3 ноябр дар кори Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек иштирок мекунад. Иштироки худ дар ин чорабиниро ба ҷуз Ӯзбекистон (муовини нахуствазир намояндагӣ мекунад), дигар нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ тасдиқ кардаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар Бишкек вохӯриҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 3 ноябр дар кори Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек иштирок мекунад. Иштироки худ дар ин чорабиниро ба ҷуз Ӯзбекистон (муовини нахуствазир намояндагӣ мекунад), дигар нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ тасдиқ кардаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар Бишкек вохӯриҳои дуҷонибаи Қоҳир Расулзода ба нақша гирифта нашудааст.

Дар кори Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек имзои на камтар аз 8 санад дар назар буда, баёнияи муштараки нахуствазирони кишварҳо қабул мешавад.

Бино ба маълуомти ВАО-и Қирғизистон, иштироки худ дар ин чорабиниро нахуствазирони Русия Дмитрий Медведев, Қазоқистон – Бакитжан Сагинтаев, нахуствазири Шӯрои давлатии Чин – Ли Кэсян ва муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов тасдиқ кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон, вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон ва сафири Муғулистон дар Қирғизистон ба сифати нозирон дар кори Шӯро ширкат меварзанд. Нахуствазири Беларус алҳол иштирокашро тасдиқ накардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.