Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Минск машваратҳо миёни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ дар мавзӯи «Ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узви ИДМ бо Иттиҳоди АврупоЮ НАТО ва оид ба масоили амнияти аврупоӣ» доир мегарданд. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  7.8769 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Минск машваратҳо миёни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ дар мавзӯи «Ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узви ИДМ бо Иттиҳоди АврупоЮ НАТО ва оид ба масоили амнияти аврупоӣ» доир мегарданд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8769 сомонӣ;

1 евро – 8.6788 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1215 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилаии хотима бахшидан ба беҷазо мондан барои ҷиноятҳо алайҳи журналистон.

1930 – Корхонаи пахтатозакунии Кӯлоб ба истифода дода шуд.

2004 – Бори нахуст дар таҷрибаи судии ҶТ моддаи 130-и КҶ ҶТ – «Хариду фурӯши одамон» истифода шуд. Як зан барои истисмори духтари ӯгаяш ба сифати фоҳиша ба 14 соли зиндон маҳкум гардид.

2007 — Дар Душанбе автомашинаи фармондеҳи Гвардияи миллии ҶТ тарконида шуд.

1944 – Зодрӯзи олим Аҳадбой Тешаев.

1947 – Мавлуди олими соҳаи тиб Бахшибек Гадоев.

1952 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Клара Мирзоева.

1960 – Мавлуди доктори улуми иқтисод Искандар Самандаров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10 рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+2, рӯзона +12+17; дар шарқ шабона -7-12, рӯзона 0+5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +17+22, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +13+15.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.