Умедҷон Ҳасанов – аввалин марзбони кушта аз тири қочоқбарон тайи 2 сол

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни як задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 20 октябр афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Умедҷон Ҳасанови 27-сола кушта шуд. Ҳамсару се нафар фарзандони ӯ бесаробону ятим монданд.

Аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки У.Ҳасанов ахири соли гузашта ба хизмат дар сафи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ шурӯъ карда, зимни задухӯрди мусаллаҳона дар яке аз қитъаҳои дидбонгоҳи сарҳадии Ҳамадонӣ, наздики манзили волидонаш ба ҳалокат расидааст.

Дар Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки давоми солҳои 2015-2016 марги Умедҷон Ҳасанов аввалин талафоти марзбонони тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аст. «Муддати ду сол дар ин марз ҳатто ягон нафар марзбони тоҷик ҷароҳат набардоштааст», – гуфтанд дар Қушӯнҳои сарҳадӣ.

Ба иттилои манбаъ, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 22 задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 12 марзшикан кушта, 6 нафар захмӣ ва 15 тан аз онҳо боздошт шудаанд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улугхоҷаев чунин мешуморад, ки бо мурури замон сатҳи касбии марзбонони тоҷик сайқал ёфта, ҳолатҳои ҳалок шудан ва ё ҷароҳат бардоштани онҳо аҳёнан ба назар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти қудратии Тоҷикистон барои муайян кардани шахсони гунаҳкор дар марги Умедҷон Ҳасанов ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, хешовандони Умедҷон Ҳасанов гуфтаанд, дар бадани афсари кушташуда осори 11 тир дида мешуд. Падараш Ҳаким Ҳасанов, сокини ҷамоати Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ изҳор доштааст, ки шаби кушта шудан Умедҷон дар марз навбатдор будааст.

​«Хонаи мо аз ҷои кори писарам он қадар дур нест. Он шаб, ки писарам навбатдор буд, садои тирпарронӣ баланд шуд. Дилам таҳ кашид ва сияҳ шуд. Эҳсос кардам, чӣ ҳодисае шудааст. Дертар ба ман хабар доданд, ки писарам аз тири кочоқбарон кушта шудааст», – ҳикоят кардааст Ҳаким Ҳасанов.

Мақомот ба Ҳаким Ҳасанов ваъда кардаанд, ки то охир ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва бо ҳамкорӣ бо мақомоти Афғонистон саъй мекунанд, ҳуввияти қочоқбаронро мушаххас кунанду онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.