Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ шудани нерӯгоҳи Роғун

Арбоби сиёсӣ ва давлатии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод дорад, ки ба нерӯгоҳи барқи обии мавриди бунёд қарордоштаи Роғун номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад. Ӯ мутмаин аст, ки «дар шароити таназзули иқтисоди кишвар ва буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳама гуна арбоби давлатӣ дар эҳё ва барқарор кардани сохтмони ин хел […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Арбоби сиёсӣ ва давлатии солҳои 80-90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод дорад, ки ба нерӯгоҳи барқи обии мавриди бунёд қарордоштаи Роғун номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад.

Ӯ мутмаин аст, ки «дар шароити таназзули иқтисоди кишвар ва буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ, ҳама гуна арбоби давлатӣ дар эҳё ва барқарор кардани сохтмони ин хел иншооти бузурги гидроэнергетикии натанҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа ба шакку шубҳа роҳ медод».

«Имрӯз баъди оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон худаш муддати зиёда аз 1 соат савори булдозер шахсан дар кори иваз кардани маҷрои дарёи Вахш саҳм гузошт, дигар дар ҳеҷ касе шубҳае намонд, ки нерӯгоҳи Роғун сохта мешавад ва Тоҷикистон ба он қодир аст», – қайд кард сиёсатмадор.

Қаблан Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон расман номзад ба дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карда шавад. Ӯ зикр карда буд, ки нисбат ба президенти ИМА Барак Обама президенти Тоҷикистон бештар ба ин ҷоиза сазовор аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳикматулло Насриддинов пешниҳод карда буд , ки Эмомалӣ Раҳмон президенти якумраи Тоҷикистон эълон карда шавад. Аввали моҳи сентябри соли 2015 ӯ ҳайкал гузоштан ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва такроран ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро пешниҳод карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.