Восеъ: ҳалокати се кӯдак дар сӯхтори оғилхона

Бар асари сӯхтор дар оғилхона дар деҳаи Осмонбики ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, ки нимаи дуюми рӯзи 31 октябр рух дод, 3 нафар кӯдакони синни аз 2 то 5-сола ба ҳалокат расиданд. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки кӯдакон худашон ба оташбозӣ машғул шуда, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бар асари сӯхтор дар оғилхона дар деҳаи Осмонбики ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, ки нимаи дуюми рӯзи 31 октябр рух дод, 3 нафар кӯдакони синни аз 2 то 5-сола ба ҳалокат расиданд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки кӯдакон худашон ба оташбозӣ машғул шуда, ду нафари кӯдакони ҳалокшуда бародарон ва нафари дигар писари ҳамсоя будааст.

Зимнан зикр гардид, ки модари бародарони ҳалокшуда баҳри наҷоти онҳо талош варзида, осеб дидааст ва дар бемористон бистарӣ аст.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, тӯли 9 моҳи соли равон дар саросари ҷумҳурӣ 1054 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, ВКД доир ба шумори ҷабрдидагон аз ин ҳодисаҳо маълумот интишор накардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.