Путин ба эҷоди «қонун дар бораи миллати Русия» дастур дод

Президент Владимир Путин дастур дод, ки "қонун дар бораи миллати Русия" эҷод шавад. Ин ҳуҷҷат чи нуктаҳоеро бояд дар бар гирад, вай дақиқ накардааст, аммо афзудааст, ки қонуни мазкур метавонад ҳамчун идомаи дурнамои рушди муносибатҳои миллӣ қабул шавад. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, вай ҳамчунин гуфтааст, ки бояд "ниҳоди федеролӣ"-е барои "мутобиқгардонии иҷтимоӣ"-и […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Президент Владимир Путин дастур дод, ки "қонун дар бораи миллати Русия" эҷод шавад. Ин ҳуҷҷат чи нуктаҳоеро бояд дар бар гирад, вай дақиқ накардааст, аммо афзудааст, ки қонуни мазкур метавонад ҳамчун идомаи дурнамои рушди муносибатҳои миллӣ қабул шавад.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, вай ҳамчунин гуфтааст, ки бояд "ниҳоди федеролӣ"-е барои "мутобиқгардонии иҷтимоӣ"-и муҳоҷирон дар Русия, таъсис шавад.

Соли 2012 Путин "дар бораи дурнамои сиёсати миллии Русия то соли 2025" фармон имзо карда буд. Дар он ҳуҷҷат зарурати "ҳифз ва рушди гуногунфарҳангии халқҳо" зикр шудааст.

Баъдтар Оҷонсии федеролӣ дар умури миллатҳо таъсис шуд ва Путин ба ин ниҳод дастур дод, ки "ягонагии халқҳои Русияро тақвият диҳад". Соли 2008 президенти Русия худро "миллатгарои рус ба маънои мусбаташ" унвон кард.

Ҳоло дар ҳудуди Русия наздики 200 намояндаи халқҳо зиндагӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.