Кумитаи андоз адвокатҳои мустақилро ба соҳибкорон баробар кард

Asia-Plus

Адвокатҳои мустақили Тоҷикистон андоз аз даромади умумиро ба монанди соҳибкорони инфиродӣ пардохт мекунанд. Қарори дахлдори Кумитаи андози аз 1 ноябр мавриди амал қарор гирифт.

Мувофиқи ин қарор, акнун адвокатҳои мустақил андози соддакардашуда аз даромади умумиро дар ҳаҷми 6% пардохт мекунанд. Қаблан онҳо танҳо андози иҷтимоии суғуртавӣ дар ҳаҷми 1%-ро пардохт мекарданд.

Қарори Кумита бо он асоснок карда мешавад, ки дар ҳарду ҳолат ҳам соҳибкорони инфиродӣ ва ҳам адвокатҳои мустақил як ҳадаф доранд, ки ба даст овардани маблағ аст.

«Мутобиқи моддаи 2-и қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», фаъолияти адвокат соҳибкорӣ шуморида намешавад. Мувофиқи молддаи 1-и ин қонун, пардохти маблағ барои фаъолияти адвокатӣ пардохт барои кумаки ҳуқуқии адвокат маҳсуб ёфта, пардохт тибқи қарордод сурат мегирад», – омадааст дар қарори Кумита.

Дар қарор зикр мегардад, ки мутобиқи моддаи 8-и Кодекси андози ҶТ, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти мустақиле дониста мешавад, ки таҳти таваккали худи шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бояд ба ҳамин сифат ба қайди давлатӣ гирифта шаванд, амалӣ карда мешавад ва барои ба даст овардани фоидаи (даромади, ҷуброни) мунтазам аз истифодаи молу мулк, фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ равона гардидааст.

Бо такя ба ин моддаи Кодекси андоз қарор шудааст, ки адвокатҳи хусусӣ ба монанди соҳибкорон андозро бо тартиби соддашуда – 6% аз даромади умумӣ ва боз 1% ба сифати андози иҷтмимоӣ пардохт мекунанд.

Адвокатҳо бо пешниҳоди иҷозатномае, ки аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ дода шудааст, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...