Раиси пойтахт ба кормандони милитсия 15 автомашинаи нав тақдим кард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Раёсати корҳои дохилии пойтахт боздид намуда, бо кормандони он мулоқот кард. Раиси шаҳр кормандони милитсияро бо иди касбиашон – Рӯзи кормандони милитсия, ки ҳамасола санаи 10 ноябр таҷлил мегардад, табрику таҳният  гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо орзу кард. Дар баробари зикр дастовардҳо, раиси пойтахт ҳамчунин як қатор камбудиҳо дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Раёсати корҳои дохилии пойтахт боздид намуда, бо кормандони он мулоқот кард.

Раиси шаҳр кормандони милитсияро бо иди касбиашон – Рӯзи кормандони милитсия, ки ҳамасола санаи 10 ноябр таҷлил мегардад, табрику таҳният  гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо орзу кард.

Дар баробари зикр дастовардҳо, раиси пойтахт ҳамчунин як қатор камбудиҳо дар кори кормандони милитсияро қайд намуда, зарурати тақвияти чорабиниҳои пешгирӣ дар самти аз байн бурдани савдои кӯчагӣ дар шаҳррро таъкид намуд.

Ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр ҷиҳати чораҷӯйӣ дар самти ба тартиб даровардани кори нақлиёти ҷамъиятӣ дастурҳо дода шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи кормандони милитсия раиси пойтахт ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 15 адад автомашинаҳои тамғаи «Шкода-Октавия», истеҳсоли соли 2016-ро тақдим кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.