Даъвати иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 8 ноябр даъват шудани иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумон қарор ба имзо расонид. Дар рӯзномаи иҷлосия баррасии қонунҳое, ки қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар қабул шуда буданд, дар назар аст. Аъзои палатаи болоии парлумон аз ҷумла тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонун «Дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 8 ноябр даъват шудани иҷлосияи ҳаштуми палатаи болоии парлумон қарор ба имзо расонид.

Дар рӯзномаи иҷлосия баррасии қонунҳое, ки қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар қабул шуда буданд, дар назар аст.

Аъзои палатаи болоии парлумон аз ҷумла тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ»-ро баррасӣ мекунанд, ки мувофиқи он дар сурати ба амал омадани ҳолати воқеъии содир шудани амалҳои террористӣ, кормандони КДАМ бидуни пурсиш ва иҷозаи суд ба манзилҳои шаҳрвандон ворид шуда метавонанд.

Мутобиқи тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ «Дар бораи рамзҳои давлатӣ», минбаъд шаҳрвандони кишвар ба барафрохтани парчами миллӣ дар болои манзилҳои худ ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Ғайр аз ин, дар иҷлосия масъалаи марбут ба табдили номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар низ баррасӣ хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.