Қирғизистониҳо дар Русия бидуни қайд 30 рӯз ҳузур дошта метавонанд

Муҳлати ҳузури шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Русия аз 7 то ба 30 шабонарӯз дароз карда мешавад. Дар ин бора Азаттик хабар медиҳад. Созишномаи мазкур 19 июни соли 2015 дар Санкт-Петербург ба хотири мусоид будани ҳузури шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ва русиягиҳо дар қаламрави Қирғизистон ба имзо расида буд. Айни замон шаҳрвандони Қирғизистон бидуни қайд дар […]

Asia-Plus

Муҳлати ҳузури шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Русия аз 7 то ба 30 шабонарӯз дароз карда мешавад. Дар ин бора Азаттик хабар медиҳад.

Созишномаи мазкур 19 июни соли 2015 дар Санкт-Петербург ба хотири мусоид будани ҳузури шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ва русиягиҳо дар қаламрави Қирғизистон ба имзо расида буд.

Айни замон шаҳрвандони Қирғизистон бидуни қайд дар Русия 7 шабонарӯз ҳузур дошта метавонанд. Дар сурати тасдиқи санади мазкур, ин муҳлат то 30 шабонарӯз дароз карда мешавад. Феълан шаҳрвандони Русия бидуни қайд дар қаламрави Қирғизистон 90 шабонарӯз ҳузур дошта метавонанд, вале ин муҳлат то 30 шабонарӯз кам карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни қайд дар Русия 15 шабонарӯз ва шаҳрвандони Русия бидуни қайд дар қаламрави Тоҷикистон 3 шабонарӯз ҳузур дошта метавонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.