Беш аз 65 млн. $-и БОР баҳри беҳбуди вазъи роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа

Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷудо кардани 65,2 млн. доллари ИМА қарз ва грант ба Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи роҳ байни Душанбе ва Қӯрғонтеппаро маъқул донист. Бино ба маълумоти намояндагии БОР дар Тоҷикистон, ин роҳ қисмате аз роҳи стратегӣ миёни минтақаҳои шимолу ҷануби кишвар, яке аз роҳи бештар мавриди истифода қарордошта ва қисмате аз долонҳои 2, […]

Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷудо кардани 65,2 млн. доллари ИМА қарз ва грант ба Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи роҳ байни Душанбе ва Қӯрғонтеппаро маъқул донист.

Бино ба маълумоти намояндагии БОР дар Тоҷикистон, ин роҳ қисмате аз роҳи стратегӣ миёни минтақаҳои шимолу ҷануби кишвар, яке аз роҳи бештар мавриди истифода қарордошта ва қисмате аз долонҳои 2, 5 ва 6-и барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) мебошад.

Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа вазъи ҳудуди 33 километр роҳ аз Душанбе то Чашмасорон беҳтар карда шуда, роҳ то чор хати ҳаракат васеъ, рӯйпӯши роҳ беҳтар ва дар тамоми фосилаи роҳ аломату воситаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ насб мегарданд.

Маблағгузории БОР аз 49,4 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ва 15,8 млн. доллари ИМа грант иборат буда, ҳамчунин БОР маблағгузорӣ ба грант дар ҳаҷми 2 млн. доллари ИМА аз Фонди бисёрҷонибаи энергияи тоза дар доираи Барномаи шарикӣ оид ба мабалғгузории энергияи тозаро ба дӯш мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузории шарикӣ дар ҳаҷми 17,2 млн. доллари ИМА-ро пешниҳод намуда, Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) ба маблағи 112 млн. доллари ИМА қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт агентии иҷрокунандаи лоиҳа аст. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.