Раҳоии наздикони Муҳиддин Кабирӣ пас аз як соли зиндон

Asia-Plus

Се тан аз наздикону пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз анҷоми муҳлати муқарраршудаи ҷазо аз зиндон раҳо шуданд.

«Пас аз як соли адои ҷазо Ҷамшед Нарзуллоев, писараммаи Муҳиддин Кабирӣ, мудири ширкати "Бинокор-Сервис"; Маҳмадалӣ Раҳматуллоев,  бародари ҳамсари ӯ, сардори шӯъбаи кадрҳои "Бинокор-Сервис" ва Ҳикматулло Сайфов, ронанда ва хеши ҳамсари Кабирӣ аз маҳбас озод шудаанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба озодшудагон.

Ёдрас мекунем, ки Нарзуллоев, Раҳматуллоев ва Файзовро кормандони хадамоти махсуси Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 ба гумони даст доштан дар ҳамкорӣ бо писари Кабирӣ боздошт намуда буданд. Раиси ҲНИТ ба интиқоли пул ба воситаи писараш ба Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, ки 4 сентябри соли 2015 ба кӯшиши табаддулот даст зада буд, айбдор карда мешавад.

Пайвандону наздикони Кабирӣ ба огоҳ накардан аз ҷиноят гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме ба 1 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Худи Кабирӣ айни замон бо дархости Тоҷикистон тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Охири моҳи сентябри соли гузашта Суди олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ ва ифротгаро эълон намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард. Аъзои Шӯрои олии сиёсии ҳизб ба ҳабси абад ва муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд. Ҳуқуқшинос ва мушовири раиси ҲНИТ, ягона зан миёни онҳо Зарафо Раҳмонӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуда, санаи 5 сентябр мавриди авф қарор гирифт ва ба озодӣ баромад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...