Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ганҷи Роҳи Абрешим» семинари байнулмилалӣ оид ба сармоягузориҳои иқтисодӣ доир мегардад. Оғоз соати 14-00; – Аз 11 то 13 ноябр дар Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурдонаи Роҳи Абрешим» намоиши адабӣ баргузор мешавад; – Аз 10 то 14 ноябр дар шаҳри Мински Беларус Рӯзҳои […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Ганҷи Роҳи Абрешим» семинари байнулмилалӣ оид ба сармоягузориҳои иқтисодӣ доир мегардад. Оғоз соати 14-00;

– Аз 11 то 13 ноябр дар Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурдонаи Роҳи Абрешим» намоиши адабӣ баргузор мешавад;

– Аз 10 то 14 ноябр дар шаҳри Мински Беларус Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон барпо мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8769 сомонӣ;

1 евро – 8.5858 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1203 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1918 – Ҷанги якуми ҷаҳон ба итмом расид.

2004 — Оғози ҷараёни аз ҷониби марзбонони рус ба ихтиёри марзбонони тоҷик супурдани посбонии марзи Афғонистону Тоҷикистон.

2010 — Дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон доир гардиданд.

2014 — Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии кишварҳои узви ИДМ доир гардид.

1956 – Зодрӯзи нависанда Марямбонуи Фарғонӣ.

1960 – Мавлуди собиқ раиси КВД «Сайёҳ» Саламшо Муҳаббатов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6 рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +10+15; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +11+16. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +19+21.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +12+14.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.