Боздошти боз як гурӯҳи харобкори украинӣ дар Севастопол

Хадамоти федералии амнияти Русия аз боздошти боз як "гурӯҳи харобкор"-и вазорати дифои Украина дар Қрим хабар дод, ки, ба гуфтаи ин ниҳод, нақшаҳои харобкорӣ дар муассисаҳои низомии Қрими ишғолшударо омода мекард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти федеролии амнияти Русия, намояндаи хадамот гуфтааст, ки аз боздоштшудаҳо дар Севастопол дастгоҳҳои инфиҷорӣ […]

Радиои Озодӣ

Хадамоти федералии амнияти Русия аз боздошти боз як "гурӯҳи харобкор"-и вазорати дифои Украина дар Қрим хабар дод, ки, ба гуфтаи ин ниҳод, нақшаҳои харобкорӣ дар муассисаҳои низомии Қрими ишғолшударо омода мекард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти федеролии амнияти Русия, намояндаи хадамот гуфтааст, ки аз боздоштшудаҳо дар Севастопол дастгоҳҳои инфиҷорӣ бо нерӯи бузург, силоҳу тир, васоили хоси иртиботӣ, харита ва нақшаи харобкориҳо мусодира шуд.

"Ҳеҷ харобкори украинӣ дар Қрим вуҷуд надорад ва ФСБ мисли ҳамеша мехоҳад ҳамаро гумроҳ кунад", – гуфт Андрей Лысенко, намояндаи Вазорати дифои Украина.

Моҳи августи соли равон Хадамоти федеролии амнияти Русия аз боздоши як "гурӯҳи харобкори украинӣ" гузориш дода буд, ки гӯё мехост дар Қрим амалҳои террористӣ анҷом диҳад.

Президенти Русия Владимир Путин Киевро ба гузаштан ба террор муттаҳам кард ва таҳдид кард, ки аз амалҳои ҷавобӣ кор мегирад. Мақомоти Украина иттиҳомро рад ва онро тавтеаи ҷониби Русия унвон карданд. Дар заминаи ин қазия ду шаҳрванди Украина боздошт шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.