Таваҷҷуҳи вакилони парлумон ба моликияти мансабдорони тоҷик

Дар ҷаласаи рӯзи 10 ноябр вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба сардори Сарраёсати амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Орзу Аҳмадзода бо якчанд саволи «ноқулай» муроҷиат карда, вале ба саволҳои худ посухҳои саҳеҳу мушаххас гирифта натавонистанд. Ба гунаи мисол, вакилон ба масъалаи дар чӣ гуна ҳолат қарор доштани амволи давлатии хусуигардонидашуда, чӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҷаласаи рӯзи 10 ноябр вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба сардори Сарраёсати амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Орзу Аҳмадзода бо якчанд саволи «ноқулай» муроҷиат карда, вале ба саволҳои худ посухҳои саҳеҳу мушаххас гирифта натавонистанд.

Ба гунаи мисол, вакилон ба масъалаи дар чӣ гуна ҳолат қарор доштани амволи давлатии хусуигардонидашуда, чӣ тарз ва бо кадом мақсадҳои истифода шудан ва ё аз фаъолият бозмондани онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Вакил Абдуҳалим Ғаффоров аз мансабдор пурсид, ки оё механизмҳои ба давлат баргардонидани чунин иншоот вуҷуд дорад ва намояндаи Кумитаи давлатӣ посух дод, ки ба нафъи давлат барградонидани иншооти хусусигардонидашуда мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ба масъалаи марбут ба шумори иншооти давлатие, ки ҳанӯз хусусӣ гардонида нашудаанд, мароқ зоҳир намуда, О.Аҳмадзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин бора маълумоти муфассал дар даст надорад, вале таъкид дошт, ки дар кишвар ба ҷуз иншооти стратегие, ки хусусӣ гардониданашон манъ аст, аслан дигар чунин иншооти давлатӣ боқӣ намондааст.

Вақте доир ба иншооти давлатии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, сухан рафт, дар ин бора низ намояндаи Кумита маълумоти мушаххасу муфассал дода натавонист.

Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита қайд кард, ки 15 сол пеш бо истифода аз фориғболии мансабдорони тоҷик, шаҳрдории Маскав меҳмонсарои «Тоҷикистон»-ро, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ моликияти Тоҷикистон шуморида мешуд, ба тавозуни худ ворид намуд ва имрӯз Тоҷикистон барои истифодаи он иҷорапулӣ месупорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.