ВКД: Ба сокинону меҳмонони Тоҷикистон ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад

Вазъ дар Тоҷикистон таҳти назорат қарор дорад ва ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад. «Ба хотири таъмини амният ва ҳифзи суботи кишвару оромии шаҳрвандони худ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мудом дар ҳолати омодабошанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ. Дар робита ба огоҳии сафорати ИМА дар […]

Asia-Plus

Вазъ дар Тоҷикистон таҳти назорат қарор дорад ва ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад.

«Ба хотири таъмини амният ва ҳифзи суботи кишвару оромии шаҳрвандони худ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мудом дар ҳолати омодабошанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Дар робита ба огоҳии сафорати ИМА дар Душанбе аз эҳтимоли сар задани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон, номбурда қайд кард, ки ҷониби ИМА дар ин бора ба онҳо ҳеҷ маълумоте пешниҳод накардааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл сафорати ИМА дар Душанбе шаҳрвандони ин кишварро аз эҳтимоли сар задани амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода, ба онҳо дур будан аз ҷойҳои таҷаммӯи мардум ва худдорӣ кардан аз сафар ба манотиқи наздимарзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Афғонистонро тавсия дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.