Таъсиси рӯйхати ягонаи оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон

Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи кумакҳои иҷтимоии унвонӣ» дар палатаи поёнии парлумон иттилоъ дода шуд, ки мақомоти ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба таъсиси рӯйхати ягонаи давлатии оилаҳои камбизоат шурӯъ карда, ба ин феҳрист аллакай беш аз 60 ҳазор оила номнавис шудаанд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи кумакҳои иҷтимоии унвонӣ» дар палатаи поёнии парлумон иттилоъ дода шуд, ки мақомоти ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба таъсиси рӯйхати ягонаи давлатии оилаҳои камбизоат шурӯъ карда, ба ин феҳрист аллакай беш аз 60 ҳазор оила номнавис шудаанд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода қайд кард, ки имрӯз дар 25 шаҳру ноҳияҳои озмоишӣ (пилотӣ)-и кишвар беш аз 97 ҳазор оилаҳои камбизоат солона дар ҳаҷми 400 сомонӣ кумакҳои иҷтимоии унвонӣ гирифта, соли оянда оилаҳои камбизоати боз 15 шаҳру ноҳияҳо низ ба ин рӯйхат ворид карда мешаванд.

Дар навбати худ муовини раиси палатаи поёнии парлумон Хайринисо Юсуфӣ зикр кард, ки дар Тоҷикистон аллакай индикатор (шохис)-ҳои муайян кардани оилаҳои камбизоат таҳия шудаанд, ки ҳаҷми даромади оила, шумори аъзои коршоями он, шумори кӯдакон, маъюбон ва ғайраро ба инобат мегиранд.

Юсуфӣ изҳор намуд, ки индикаторҳои мазкур ба барномаи махсус насб шуда, агар оила камтар аз 222 балл гирад, он камбизоат шуморида намешавад.

Бино ба маълумоти расмӣ, имрӯз ҳудуди 31%-и аҳолии Тоҷикистон камбизоат шуморида мешаванд. Охири асри гузашта шумори камбизоатон беш аз 83% аз шумори умумии аҳолиро ташкил медод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.