Қочоқчиёнро дар Тоҷикистон ҷаримаҳои зиёд ва мусодираи нақлиёт интизор аст

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тағйирот ворид намуданд. Акнун қонуншиканон дар ин самтро натанҳо ҷарима, балки мусодираи воситаи нақлиёте низ интизор аст, ки тариқи он маҳсулоти қочоқӣ ворид шудааст. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии палумон сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки қочоқи маҳсулот […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тағйирот ворид намуданд. Акнун қонуншиканон дар ин самтро натанҳо ҷарима, балки мусодираи воситаи нақлиёте низ интизор аст, ки тариқи он маҳсулоти қочоқӣ ворид шудааст.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии палумон сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳ Ғоиб изҳор намуд, ки қочоқи маҳсулот ба Тоҷикистон бештар аз қаларави кишвари ҳамсояи Қирғизистон сурат мегирад ва ба ин ҳолат масоили ҳалношудаи марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои марзи ду кишвар мусоидат мекунанд.

Танҳо моҳи сентябр аз ҷониби гумрукчиёни кишвар 201 ҳодисаи тариқи қочоқ ворид кардани маҳсулот ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 4 млн. 330 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст.

Баъди суханронии роҳбари Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ вакилони палатаи поёнии парлумон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ин самтро якдилона дастгирӣ карданд.

Мувофиқи тағйироти тасдиқшуда, минбаъд шахсони ба қаламрави ҷумҳурӣ маҳсулоти қочоқиро воридкарда, ба маблағи арзишаш баробар ба ду маротибаи маҳсулоти воридкардаашон ҷарима мешаванд. Қаблан ҳаҷми ин ҷарима аз маблағи як баробари маҳсулоти воридшуда зиёдтар набуд.

Ғайр аз ин, мутобиқи ин тағйирот ба кодекс, акнун воситаи нақлиёте, ки тариқи он маҳсулоти қочоқӣ ба Тоҷикистон ворид шуда буд, ба нафъи давлат мусодира мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.