Тақдими манзил ба зани афғони қаҳрамони маҷаллаи National Geographic

Раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва ҳамсараш аз Шарбат Гул – зани афғони қаҳрамони маҷаллаи National Geographic, ки дар Покистон барои сохтакории санадҳо боздошт ва ахиран ихроҷ шуд, дар қасри президентӣ истиқбол карда, калиди як хонаро ба ин зани машҳури афғон тақдим карданд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар ин маросим Шарбат […]

Радиои Озодӣ

Раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва ҳамсараш аз Шарбат Гул – зани афғони қаҳрамони маҷаллаи National Geographic, ки дар Покистон барои сохтакории санадҳо боздошт ва ахиран ихроҷ шуд, дар қасри президентӣ истиқбол карда, калиди як хонаро ба ин зани машҳури афғон тақдим карданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар ин маросим Шарбат Гулро дард, мазлумият ва тасвири орзуҳои Афғонистон дониста ва гуфтааст, ки ин зан дар солҳои муҳоҷират ва ҷанг, тасвири кишвари ҷангзада ва муҳоҷирро ба ҷаҳон ба намоиш гузошт.

https://www.youtube.com/watch?v=xIUVZ8wkKfw

Шарбат Гул, зани афғоне, ки чопи акси ӯ дар 12-солагӣ рӯйи маҷаллаи National Geographic ба як намоди мондагор мубаддал шуда ва ӯро ба шӯҳрат расонда буд, баъди тақрибан ду ҳафтаи боздошт бо се духтару як писари хурдсолаш субҳи чоршанбеи 9 ноябяр аз Пешовар ба Афғонистон баргашт.

Шарбат Гул тақрибан ду ҳафта пеш бо иттиҳоми тақаллуби санадҳо дар Покистон боздошт шуд. Як сухангӯи ин идора гуфта буд, дар талоши боздошти се корманди Идораи сабти асноди шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд, ки барои Шарбат Гул санадҳои қалбакӣ додаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ин зан дар моҳи апрели соли равон бо номи Шарбат Бибӣ дар шаҳри Пешовар дархости санади шиносоии покистонӣ карда буд.​

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.