Манзилҳо барои кормандони ВКД ба муносибати ҷашни Рӯзи милитсия

Дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе имрӯз бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони боз як манзили нав шурӯъ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бунёдшуда, моҳи июни соли 2013 оғоз гардида, барои бунёди хонаи истиқоматӣ, […]

Asia-Plus

Дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе имрӯз бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони боз як манзили нав шурӯъ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бунёдшуда, моҳи июни соли 2013 оғоз гардида, барои бунёди хонаи истиқоматӣ, ки дар маҷмуъ аз 40 хона иборат аст, 8 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии майдони иншоот 3 ҳазору 362 метри мураббаъ буда, он аз хонаҳои аз 1 ва 2 ҳуҷрагӣ иборат аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони милитсия ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат субҳи имрӯз дар маҷмаааи «Кохи Ваҳдат» бо ҳузури сарвари давлат ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, пас аз маросими расмӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти идона доир гардид.

Қобили зикр аст, ки таърихи таъсисёбии милисаи тоҷик аз 7 декабри соли 1924 оғоз меёбад. Дар он рӯз Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон таъсис ёфта, Абдулло Ёрмуҳаммедов аввалин комиссари халқии корҳои дохилӣ таъин шуда буд.

Санаи 1 январи соли 1925 33 нафар кормандони Комиссариати халқии корҳои дохилӣ аз Тошкент ба шаҳри Душанбе сафар карда ва 5 феврал ба пойтахти Тоҷикистон расиданд. Рӯзи дигар аввалин маҷлиси машваратии Комиссариати инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаи фаъолияти Комиссариати халқии корҳои дохилӣ баррасӣ шуд. Маҳз ҳамин рӯз, 6 феврали соли 1925 Рӯзи таъсиси милитсияи тоҷик шуморида мешавад ва аз соли 1994 кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон рӯи иди касбиашонро 6-уми феврал ҷашн мегирифтанд.

Акнун муддати 6 сол аст, ки баъди ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид шудани тағйироту иловаҳо, ин ид санаи 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.