Интерполро корманди пулис аз Чин ба роҳбарӣ гирифт

Дар иҷлосияи 85-уми Маҷмаи умумии Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол), ки дар Индонезия ҷараён дорад, ҳайати нави кумитаи иҷроия ва шахсони воломақоми созмон интихоб шуданд. Муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Хунвей президенти нави Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ интихоб шуд. Бори нахуст дар таърихи Созмон русиягӣ – сардори Дафтари миллии Интерпол дар Русия Александр Прокопчук […]

Asia-Plus

Дар иҷлосияи 85-уми Маҷмаи умумии Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол), ки дар Индонезия ҷараён дорад, ҳайати нави кумитаи иҷроия ва шахсони воломақоми созмон интихоб шуданд.

Муовини вазири амнияти ҷамъиятии Чин Мэн Хунвей президенти нави Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ интихоб шуд. Бори нахуст дар таърихи Созмон русиягӣ – сардори Дафтари миллии Интерпол дар Русия Александр Прокопчук ноиби президенти ин созмони бонуфуз интихоб шуд.

Қаблан аъзои Маҷмаи умумӣ қарори ба узвияти Созмон пазируфтани Фаластин, Косово ва Ҷазираҳои Соломоноворо ба таъхир гузоштанд.

Маҷмаи умумии Созмон ҳамасола гирдиҳам омада, он мақомоти олии маъмурии Интерпол мебошад. Президенти интихобшуда ба сифати раиси Маҷмаи умумӣ фаъолият мекунад. Айни замон Интерпол 190 кишвари ҷаҳонро муттаҳид сохта, дар ҳар кадоме аз ин кишварҳо дафтари миллии марказии Созмон амал мекунад. Забонҳои кории Интерпол англисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябр Интерпол дар бораи ҷустуҷӯи раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ маълумот интишор намуд. Дар он қайд мешавад, ки Муҳиддин Кабирии 51-сола аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон «барои терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қаллобӣ» мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, тариқи Интерпол дар маҷмӯъ беш аз 230 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, ки 160 нафарашон ба содир кардани ҷиноятҳои ниҳоят вазнин гумонбар дониста мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.