Бозхонди иҷозатномаи ташкилоти навбатии қарзӣ аз ҷониби Бонки миллӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи боз як ташкилоти қарзии хурди ҷумҳуриро бозхонд кард. ҶСП ТҚХ «Мададгори Мастчоҳ» муфлис эътироф шудааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, қарори бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ташкилоти қарзии хурди «Мададгори Мастчоҳ»-ро Раёсати Бонки миллӣ аз 9 ноябри соли 2016 қабул кардааст. Гуфта мешавад, мутобиқи қарори зикршуда иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи боз як ташкилоти қарзии хурди ҷумҳуриро бозхонд кард. ҶСП ТҚХ «Мададгори Мастчоҳ» муфлис эътироф шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, қарори бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ташкилоти қарзии хурди «Мададгори Мастчоҳ»-ро Раёсати Бонки миллӣ аз 9 ноябри соли 2016 қабул кардааст.

Гуфта мешавад, мутобиқи қарори зикршуда иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки моҳи феврали соли 2013 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

«Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти мазкур дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини БМТ баррасӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида ба суд пешниҳод карда мешавад», – омадааст дар хабари Бонки миллӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.