Бонки ҷаҳонӣ доир ба беҳбуди вазъи молии аҳолии Тоҷикистон

Asia-Plus

Вазъи молии аҳолии Тоҷикистон тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта соли гузашта давоми моҳҳои май-августи соли равон музди меҳнат дар ҷумҳурӣ 18% ва нишондиҳандаи миёнаи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ 5% афзудааст.

Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Гӯш додан ба Тоҷикистон», афзоиш дар ин давра нисбат ба соли гузашта ба  болоравиии музди меҳнат (18,1%) ва даромади бештар зиёд ба ҳар як сари аҳолӣ аз фаъолият дар бахши кишоварзӣ ва шуғли мустақилона (5,3%) ба вуҷуд омадааст.

Гуфта мешавад, боз яке аз сарчашмаҳои муҳими даромад барои хонаводаҳои Тоҷикистон, ки бар асари поинравии рушди иқтисоди Русия, беқурбшавии рубл ва шадидтар шудани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар боиси нигаронӣ шудааст, интиқоли маблағҳои пулӣ аст, ки нишондиҳандаи миёнаи он тақрибан 5,5% афзудааст.

«Аммо афзоиши ҳаҷми даромадҳо аз интиқоли маблағҳои пулӣ нобаробар аст.  Тӯли моҳҳои май-августи соли 2016 даромад аз интиқоли маблағҳои пулӣ ба хонаводаҳое, ки тибқи тақсимоти истеъмол ба 40%-и аҳолии нисбатан камтар таъминшуда мансубанд, тақрибан 9% кам шуд. Дар ҳамин ҳол, ба хонаводаҳое, ки ба гурӯҳи 60%-и аҳолии бештар таъминшуда дохил мешаванд, интиқоли маблағҳои пулӣ дар ин давра 16,3% афзуд», – қайд мешавад дар таҳқиқот.

Тибқи маълумоти расмӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ дар ифодаи доллар 22% камтар шудааст. «Вале агар интиқоли маблағҳои пулӣ бо ифодаи воқеӣ бо сомонӣ ифода шавад, пас нимсолаи авали соли 2016 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ оҳиста-оҳиста ба нишондиҳандаҳои пешин баргаштанд (афзоиш ҳудуди 2,4% дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта)», – таъкид меосзанд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ.

Дар доираи таҳқиқоти «Гӯш додан ба Тоҷикистон» ҳамчунин маълумот дар бораи бозгашти муҳоҷирон ба Тоҷикистон низ пайгирӣ мешавад. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо соли гузашта ҳиссаи чунин муҳоҷирон начандон зиёд коҳиш ёфтааст: аз 1,9% дар моҳҳои май-августи соли 2015 то 1,6% дар моҳҳои май-августи соли равон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...