Таъхири шабонарӯзии парвози ҳавопаймои «Somon Air» аз Краснодар ба Душанбе

Ширкати ҳавопаймоии “Somon Air” сабаби таъхири парвози ҳавопаймояш аз Краснодар ба Душанберо мушкили фаннӣ унвон кардааст. Аз дафтари матбуоти ин ширкат имрӯз, 15 ноябр ба “Озодагон” гуфтаанд, нуқс “дар системаи навигатсияи ҳавопаймои Boeing 737” ҳанӯз ҳангоми иҷрои парвоз аз Душанбе ошкор шуда буд. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Boeing 737 мебоист соати 01:05 (ба вақти […]

Хбаргузории “Озодагон”

Ширкати ҳавопаймоии “Somon Air” сабаби таъхири парвози ҳавопаймояш аз Краснодар ба Душанберо мушкили фаннӣ унвон кардааст.

Аз дафтари матбуоти ин ширкат имрӯз, 15 ноябр ба “Озодагон” гуфтаанд, нуқс “дар системаи навигатсияи ҳавопаймои Boeing 737” ҳанӯз ҳангоми иҷрои парвоз аз Душанбе ошкор шуда буд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Boeing 737 мебоист соати 01:05 (ба вақти Маскав)-и 14 ноябр ба самти Душанбе парвоз мекард, аммо барои 12 соат, то 13:00 ба таъхир гузошта шуд. Баъдан, эълон шудааст, ки ҳавопаймо соати 03:10 парвоз хоҳад кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати “Somon Air”, дар пайи таъхири парвоз ҳамаи 148 мусофири он “сари вақт дар меҳмонхона ҷойгир карда шуда, ҳоло ҳамаи онҳо муваффақона ба Душанбе расиданд”.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.