Масъалагузорӣ бобати аз ҷониби тоҷикистониён худсарона азхудкунии замини қирғизҳо

Asia-Plus

Дар парлумони Қирғизистон бори дигар доир ба масъалаи қаламрави ҳаммарз бо Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар Жогорку Кенеш дар бораи аз ҷониби тоҷикистониён худсарона азхуд шудани 15 гектар замини қирғизҳо сухан рафтааст.

Бино ба маълумоти АКИpress, вакил Айнура Олтибоева ба муовини нахуствазир Жениш Раззоқов савол додааст, ки дар маълумоти шумо гуфта шудааст, шаҳрвандони Тоҷикистон 15 гектар замини Қирғизистон дар атрофи пойгоҳи обкашии «Арка»-ро худсарона азхуд кардаанд. «Азхудкунии худсарона охир ин ғасб аст. Дар ин бора ягон шарҳе медодед», – дархост кардааст ӯ аз муовини нахуствазир.

Жениш Раззоқов дар навбати худ изҳор намудааст, ки ин мушкилот ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст. «Соли 1989 таъин ва аломатгузории марз гузаронида шуда, ин қитъаи замин он ҷо монд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ онҳо имрӯз ин заминро истифода мекунанд. Масъалаи таъину аломатгузории ин қитъаҳо то ҳол пурра ҳал нашудааст», – иброз доштааст муовини нахуствазир.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 22-23 ноябр дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррассии маҷмӯавии масоили дуҷониба доир мегардад, ки мушкилоти таъин ва аломатгузории марз яке аз масъалаҳои асосӣ хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.