Боздошти вазири рушди иқтисоди Русия бо айби гирифтани 2 млн. $ пора

Кумитаи тафтишотии Русия иттилоъ додааст, ки вазири рушди иқтисоди ин кишвар Алексей Улюкаев бо айби гирифтани пора ва таҳдид ба намояндагони "Роснефт" боздошт шудааст. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Светлана Петренко, сухангӯи кумита гуфтааст, маълумоти мазкур дар натиҷаи гӯш кардани суҳбатҳои телефонии Улюкаев ба даст омада, ин навор шомили маводи парвандаи ҷиноӣ шудааст. […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Кумитаи тафтишотии Русия иттилоъ додааст, ки вазири рушди иқтисоди ин кишвар Алексей Улюкаев бо айби гирифтани пора ва таҳдид ба намояндагони "Роснефт" боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Светлана Петренко, сухангӯи кумита гуфтааст, маълумоти мазкур дар натиҷаи гӯш кардани суҳбатҳои телефонии Улюкаев ба даст омада, ин навор шомили маводи парвандаи ҷиноӣ шудааст. Таҳдид дақиқан аз чи иборат буд, Петренко шарҳ надодааст.

Гуфта мешавад, хабари боздошти Алексей Улюкаев шаби 14 ба 15 ноябр нашр шуд. Бино ба фарзияи муфаттишон, вазири рушди иқтисоди Русия барои додани "баҳои мусбат", ки "Роснефт" бар пояи он метавонист моҳи октябри имсол ширкати "Башнефт"-ро соҳиб шавад, ду миллион доллар гирифтааст.

Хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба манбаи худ гуфтааст, ки пулҳоро ба Улюкаев зимни як "озмоиши тафтишотӣ" додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.