Гуфтугӯи Путину Трамп дар мавриди оддисозии робитаҳо ва ҳамкориҳои созанда

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо Доналд Трамп телефонӣ сӯҳбат намуда ва пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии Амрикоро табрик гуфтааст. Ду ҷониб дар мавриди "беҳбуди робитаҳо", "буҳрони Сурия" ва "муқобила бо терроризм", гуфтугӯ кардаанд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба дафтари раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, Доналд Трамп алоқамандии амиқи худро барои барқарории робитаҳои […]

Радиои Озодӣ

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо Доналд Трамп телефонӣ сӯҳбат намуда ва пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии Амрикоро табрик гуфтааст. Ду ҷониб дар мавриди "беҳбуди робитаҳо", "буҳрони Сурия" ва "муқобила бо терроризм", гуфтугӯ кардаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба дафтари раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, Доналд Трамп алоқамандии амиқи худро барои барқарории робитаҳои зич ва пойдор бо ҳукумат ва мардуми Русия иброз кардааст. Ба гуфтаи дафтари Доналд Трамп, Путин "пирӯзии таърихӣ"-и ӯро табрик гуфтааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия низ дар баёнияе гуфтааст, ки Владимир Путин зимни табрики пирӯзии Доналд Трамп, омодагӣ кардааст, ки робитаҳои ду кишвар дар даврони маъмурияти президенти нави Амрико бар асоси иттиҳод, эҳтироми дутарафа ва дахолат накардан дар корҳои якдигар, идома ёбад.

Дар баёнияи дафтари Трамп, бар робитаҳои 200-солаи ду кишвар ишора шуда ва омадааст, ки "ду раҳбар дар мавриди масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла таҳдидҳо ва чолишҳое, ки Русия ва Амрико дар баробари он қарор доранд", сӯҳбат кардаанд.

Маскав мегӯяд, ки Путин ва Трамп ҳар ду бар сари ин масъала, ки робитаҳои Русия ва Амрико дар марҳилаи "бисёр номатлуб" қарор доранд, ҳамақида ҳастанд. Онҳо дар мавриди оддисозии робитаҳо ва ҳамкориҳои созанда гуфтугӯ кардаанд.

Аз дигар масъалаҳое, ки дар тамоси телефонии Путин ва Трамп мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, бӯҳрони Сурия мебошад ва ҳамон тавр, ки Маскав мегӯяд, "мубориза алайҳи душмани шумораи яки ҳар ду кишвар– терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ", будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.