Обуҳавои Тоҷикистон сарду сербориш мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳуриро огоҳ мекунад, ки ахири ҳафта дар Тоҷикистон босуръат поинравии ҳарорат, боронҳои шадиди ба барф табдилёбанда дар назар аст. Бино ба маълумоти Кумита, аз 19 то 26 ноябр обуҳаво дар кишвар сарду сербориш шуда, дар қитъаҳои роҳҳои минтақаи кӯҳистон тармафароӣ ва яхбандии роҳҳо эҳтимол дорад. «Дар ин робита эҳтимоли […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳуриро огоҳ мекунад, ки ахири ҳафта дар Тоҷикистон босуръат поинравии ҳарорат, боронҳои шадиди ба барф табдилёбанда дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумита, аз 19 то 26 ноябр обуҳаво дар кишвар сарду сербориш шуда, дар қитъаҳои роҳҳои минтақаи кӯҳистон тармафароӣ ва яхбандии роҳҳо эҳтимол дорад.

«Дар ин робита эҳтимоли хатари марбут ба кандашавии симҳои хатҳои алоқа ва интиқоли барқ, афзоиши шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт вуҷуд дорад. Ба шаҳрвандон тавсия медиҳем, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат тариқи роҳҳои кӯҳистон ба сафар набароянд, дар кӯчаҳо ҳушёру бодиққат буда, ба симҳои хати интиқоли барқ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд», – ҳушдор медиҳад Кумита.

Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар сурати ошкор шудани симҳои кандашудаи хатҳо алоқа ва интиқоли барқ ба маъмурияти маҳаллаи аҳолинишин хабар диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.