Пули миллии 10-ҳазор тангаӣ бо акси Нурсултон Назарбоев ба муомилот мебарояд

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Қазоқистон сар аз 1 декабри соли равон пули миллии 10-ҳазор тангаӣ бо акси Нурсултон Назарбоев ба муомилот мебарояд.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин пулро, ки бахшида ба 25-умин солгарди истиқлоли давлатии Қазоқистон нашр шудааст, Даниёр Акишев, раиси Бонки миллии ин кишвар зимни конфронси "25 соли истиқлоли Қазоқистон: пулли миллӣ" дар Қасри сулҳу ваҳдат муаррифӣ кардааст.

Дар ин ҳамоиш инчунин тангаи ёдгорӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Қазоқистон низ рӯнамоӣ шудааст. Даниёр Акишев гуфтааст, "таърихи истиқлоли Қазоқистон бо шахсияти Назарбоев пайванди ногусастанӣ дошта, пули нав саҳми президентро дар пешрафти кишвар бозтоб медиҳад".

Акишев афзудааст, ки тасвирҳои рӯйи дар пул шакли содаву фаҳмои баёни ғояҳои давлатдорӣ буда, расми шахсиятҳои таърихӣ Нелсон Мандела, Мустафо Камол Отатурк, Куан Ю, Уинстон Черчилл ва раҳбарони дигари сатҳи ҷаҳонӣ низ дар пули кишварҳояшон нашр шудааст.

Пули миллии Қазоқистон – танга 15 ноябри соли 1993 ба муомилот баромада, тайи ин 23 сол борҳо қурбашро аз даст додааст. Соли 2000 дар ин кишвар пулҳои бидуни акс нашр шуда буд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон низ пешниҳод шуд, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кишвару мардуми он, расми ӯ дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз 1-уми апрел дар Русия Telegram масдуд мешавад. Муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон дар тамос бошанд?

Русия назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум, интернетро рӯз аз рӯз пурзӯр мекунад ва ин барои муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки аз...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...