Манъи гузоштани ҳайкали Пешвои миллат замони дар қайди ҳаёт будани ӯ

Asia-Plus

Тағйироте, ки ба қонун дар бораи Пешвои миллат ворид гардиданду баъди нашри он дар матбути расмӣ мавриди амал қарор гирифтанд, ҳайкал ё муҷассама гузоштан ба Пешвои миллатро замони дар қайди ҳаёт будани ӯ манъ мекунанд.

Матбуоти расмии Тоҷикистон рӯзи 15 ноябр қонуни навшудаи конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро ба нашр расонид, ки мутобиқи меъёрҳои он дар пойтахти Тоҷикистон ва зодгоҳи Президент пас аз вафоташ муҷассамаи ӯ гузошта мешавад.

Қонуни мазкур аз муқаддима ва 19 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 4-и ин қонун, ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар назди Ватан ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ва ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода мешавад, ки барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва барои ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон сарфароз гардонда мешавад.

Ғайр аз ин, мутобиқи моддаи 13-и ин қонун, дар давраи иҷрои ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ ба шумор мераванд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати босамар амалӣ намудани салоҳиятҳои Конститутсионии худ қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Тоҷикистон бори нахуст Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Дар ҷаласаи моҳи апрел палатаи поёнии парлумони кишвар санаи 16 ноябрро ҷашни Рӯзи Президент тасдиқ намуд, ки ҳамасола бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад. Санаи 16 ноябри соли 1994 маросими нахусти савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...