Вохӯриии вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо дипломати тоҷик

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодро ба ҳузур пазируфт. Ин вохӯрӣрӯзи 16 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

«Зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла масоили марбут ба аломатгузорӣ ва таъйини қитъаҳои марзи кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Ӯзбекистон.

Ёдрас мекунем, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон санаи 14 ноябр бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Содиқ Имомӣ мулоқот доир гардид. Дар ин вохӯрӣ низ масъалаҳои суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба таъину аломатгузории марзи давлатии ҳарду кишвар ва тезонидани анҷоми расмиёти ҳуқуқии он баррасӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, ба наздикӣ гурӯҳи кории Тоҷикистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафар мекунад. «Ҷонибҳо то охири соли равон ин масъаларо пурра ҳаллу фасл карданианд», – гуфт манбаъ.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...