Тағйирот дар реҷаи парвози ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» ба Хуҷанд

Парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» бо хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе айни замон тибқи реҷаи муқаррарӣ анҷом дода намешаванд. Ин ба аз ҷониби ширкат баргузор намудани таъмиру азнавсозии техникӣ вобаста аст. «Парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе феълан на аз рӯи реҷаи муқарраршуда, балки тибқи зарурати истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд», – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» бо хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе айни замон тибқи реҷаи муқаррарӣ анҷом дода намешаванд. Ин ба аз ҷониби ширкат баргузор намудани таъмиру азнавсозии техникӣ вобаста аст.

«Парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Хуҷанд – Душанбе феълан на аз рӯи реҷаи муқарраршуда, балки тибқи зарурати истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сухангӯи ҶСК «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳозир реҷа ва барномаи парвозҳо бо хатсайрҳои дохилӣ бозбинӣ мешавад. «Баргузории корҳои техникӣ дар навбати аввал ба беҳбуди сифати хизматрасонӣ ва таъини реҷаи барои мусофирон қулай бо назардошти талаботи аҳолии ҷумҳурӣ дар хизматгузориҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ нигаронида шудааст. Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки навгониҳо барои мусофирон баъзе нороҳатиҳо эҷод карда, ба нақшаҳои шахсии онҳо таъсир мерасонад. Умедворем, ки онҳо моро мефаҳманд», – қайд кард Хайруллоев.

Номбурда илова кард, ки ширкат назди худ доир ба тавсеъаи самти парвозҳо ва афзоиши шумори онҳо вазифаҳои афзалиятнок гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, ширкати хусусии ҳавопаймоии «Сомон Эйр» низ ба шаҳри Хуҷанд парвозҳо анҷом медиҳад. «Парвози ҳавопаймоҳои ширкат ба Хуҷанд тибқи реҷаи муқарраршуда – рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе сурат мегиранд», – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита котиби матбуотии ширкати «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи октябр ширкати «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо муваққатан боздошта, сабаби онро анҷом додани корҳои зарурии техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28 унвон кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.