Панҷ медали наврасони тоҷик дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни математика

Ба қарибӣ дастаи наврасони тоҷик аз олимпиадаи байналмиллалии математикони наврас,  ки синнашон аз 13-сола хурд аст, аз кишвари Индонезия бо як медали тило ва 4 медали биринҷӣ баргаштанд. Олимпиада  аз 9 то 13 ноябри соли равон доир гардида, дар он наврасони дорои дониши хуби математикии 23 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Фарқияти асосии олимпиадаи мазкур дар […]

Asia-Plus

Ба қарибӣ дастаи наврасони тоҷик аз олимпиадаи байналмиллалии математикони наврас,  ки синнашон аз 13-сола хурд аст, аз кишвари Индонезия бо як медали тило ва 4 медали биринҷӣ баргаштанд. Олимпиада  аз 9 то 13 ноябри соли равон доир гардида, дар он наврасони дорои дониши хуби математикии 23 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Фарқияти асосии олимпиадаи мазкур дар он аст, ки масъалаҳо на танҳо мушкилу печидаанд, балки онҳо танҳо бо забони англисӣ пешниҳод мешаванд. Бинобар барои ғолиб омадан аз наврасон новобаста аз хурдиашон, на танҳо донишу заковати хуби математикӣ, балки дониши равони англисӣ низ талаб карда мешавад.

Дар олимпиада шарафи Тоҷикистонро хонандагони Литсейи байналмиллалии президентӣ ва литсей-интернати  тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ», ғолибони озмуни интихобии наврасони Точикистон бо сарбаландӣ ҳифз намуданд. Медали тилоро  Ҳотами Бахтовар аз ЛИТР «Ҳотам ва П. В.» ва медалҳои биринҷиро  Ҷанобилов Теҳрон, Ҳотамов Абдурауф, Пиров Вазир аз ЛИТР «Ҳотам ва П. В.»  ва Усмонов Тимур аз литсейи байналмиллалии президентӣ ба даст оварданд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада яктогӣ планшет туҳфа намуд, ки дар он тамоми китобҳои дарсию ёрирасон бо забонҳои тоҷикию русӣ сабт шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.