Оғози ҳаллу фасли масоили обу энергетика миёни Тошканду Душанбе

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов рӯзи 16 ноябр муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзодаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, зимни мулоқот атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар партави масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар сурат гирифтааст. Ёдрас мекунем, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов рӯзи 16 ноябр муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзодаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, зимни мулоқот атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар партави масоили истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар сурат гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни вохӯрии рӯзи 29 сентябри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Душанбе соҳаҳои обу энергетика ва нақлиёту логистикӣ, инчунин масъалаҳои рафту омади дуҷонибаи шаҳрвандон ҳамчун самти тақозои ҳамгироии фаъоли созанда таъкид гардид.

Дар суҳбати телефонии рӯзи 5 октябри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор ва ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зимнан аз натиҷаҳои сафари кории ба қарибӣ суратгирифтаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.