Аз оғози сол ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 118 млн. $ афзуд

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон қариб 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 – ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 118 млн. доллари ИМА афзуд. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон қариб 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 – ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 118 млн. доллари ИМА афзуд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна ҳудуди 22 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 31,5 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор, ки барои нигаҳдории тавозуни пардохтҳо гирифта шуд, ба 122 млн. доллари ИМА баробар аст.

Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон аз Чин – 10 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд – 5,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар айни замон ба 35,6% баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, палатаи поёнии парлумон рӯзи 16 ноябр «Барномаи қарзҳои давлатии хориҷии ҶТ барои давраи солҳои 2017-2019»-ро тасдиқ намуд, ки тибқи ин барнома се соли оянда ҷалби беш аз 967 млн. доллар ба сифати қарзҳои имтиёзнок дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.