Сафири Тоҷикистон дар ҳузури президенти Муғулистон

Дар Қасри президентии шаҳри Улан Батор Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорж рӯзи 15 ноябри соли 2016 сафири Тоҷикистон дар Муғулистон бо қароргоҳаш дар шаҳри Остона Назирмад Ализодаро барои қабули эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни маросими эътимодномасупорӣ, Назирмад Ализода паёму дуруд ва таманниёти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Муғулистон […]

Asia-Plus

Дар Қасри президентии шаҳри Улан Батор Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорж рӯзи 15 ноябри соли 2016 сафири Тоҷикистон дар Муғулистон бо қароргоҳаш дар шаҳри Остона Назирмад Ализодаро барои қабули эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни маросими эътимодномасупорӣ, Назирмад Ализода паёму дуруд ва таманниёти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорж расонда, эътимодномаи худро тақдим намуд.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот Президенти Муғулистон ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳ ва пешравӣ орзу намуда, инчунин омодагии кишвари худро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан муфид изҳор намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.