Боздошти сардабири ду расонаи муваффақи Қазоқистон

Кормандони Бюрои миллии мубориза бо фасоди Қазоқистон дар пайи боздошти Бигелдӣ Габдуллин, сармуҳаррири нашрияи Central Asia Monitor ва муассиси сомонаи Radiotochka.kz коргоҳи расонаҳоро низ дар шаҳри Алмаато мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд. Бино ба маълумоти сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Radiotochka.kz, кофтукоб дар ғайби вакили дифои расонаҳо оғоз карда шудааст. "Вай баъдан ҳозир […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Кормандони Бюрои миллии мубориза бо фасоди Қазоқистон дар пайи боздошти Бигелдӣ Габдуллин, сармуҳаррири нашрияи Central Asia Monitor ва муассиси сомонаи Radiotochka.kz коргоҳи расонаҳоро низ дар шаҳри Алмаато мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд.

Бино ба маълумоти сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Radiotochka.kz, кофтукоб дар ғайби вакили дифои расонаҳо оғоз карда шудааст. "Вай баъдан ҳозир шуд ва эътироз баён кард, чун ҳукми бозҷӯӣ ба номи муфаттише имзо шудааст, ки дар чорабиниҳои тафтишот аслан ҳузур надошт", – афзудааст сомона.

Манбаъ гуфтааст, кофтукоби коргоҳи расонаҳо субҳ оғоз шуда, вале як муддат мутаваққиф ва баъдан дубора идома ёфтааст. То замони қатъи бозҷӯӣ ду ноутбуки нашрия мусодира шудааст.

Бюрои мубориза бо фасоди Қазоқистон 15 ноябр хабар дод, ки Бигелдӣ Габдуллин бо айби тамаъҷӯӣ дар Остона боздошт шудааст. Бино ба фарзияи мақомоти зидди фасоди Қазоқистон, рӯзноманигори 61-сола гӯё тавассути расонаҳои зери дасташ зидди мансабдорони давлатӣ ҳамлаи иттилоотӣ ба роҳ монда ва баъдан аз онҳо ба хотири қатъи чунин ҳамлаҳо манфиатҷӯӣ мекардааст.

Кайрат Кожамжаров, раиси Агентии хадамоти давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Қазоқистон дар Остона ба рӯзноманигорон гуфтааст, тафтишот зидди Габдуллин нав оғоз шудааст, аз ин рӯ, наметавонад ҷузъиёти парвандаи ӯро шарҳ диҳад. Ҳанӯз чораи манъи ӯ аз таъсир ба рафти тафтиш интихоб нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.