Transparency International: аз нисф зиёди тоҷикистониёни пурсидашуда пора додаанд

Ҳаракати байнулмилаллии зиддифасоди Transparency International натиҷаҳои таҳқиқоти глобалии  «Барометри коррупсияи ҷаҳонӣ» (Global Corruption Barometer)-ро ба нашр расонид, ки маротиба 9-ум гузаронида шуда, таҳқиқоти ахир соли 2013 чоп шуда буд. Таҳқиқоти мазкур 42 кишвари Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказиро фаро гирифта, аз натиҷаҳои он бармеояд, ки ҳар як нафари сеюми сокини Аврупо ва Осиёи Марказӣ коррупсияро […]

Asia-Plus

Ҳаракати байнулмилаллии зиддифасоди Transparency International натиҷаҳои таҳқиқоти глобалии  «Барометри коррупсияи ҷаҳонӣ» (Global Corruption Barometer)-ро ба нашр расонид, ки маротиба 9-ум гузаронида шуда, таҳқиқоти ахир соли 2013 чоп шуда буд.

Таҳқиқоти мазкур 42 кишвари Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказиро фаро гирифта, аз натиҷаҳои он бармеояд, ки ҳар як нафари сеюми сокини Аврупо ва Осиёи Марказӣ коррупсияро мушкили асосии кишвари худ мешуморад. Аз ҷумла, 18%-и пурсидашудагон дар Тоҷикистон, 47% – дар Қирғизистон, 37% – дар Қазоқистон ва 23% – дар Ӯзбекистон  коррупсияро яке аз мушкилоти умдатарин медонанд.

Ба савол доир ба моҳҳои ахир пора додан фоизи бештари овозҳои тасдиқкунанда дар Тоҷикистон ба даст омадааст, ки 50%-ро ташкил медиҳад. Дар Қирғизистон – 38%, Қазоқистон – 29% ва Ӯзбекистон – 18% ба ин савол ҷавоби мусбат додаанд.

Таъкид мешавад, ки сабабҳои дар бораи ҳодисаҳои коррупсия хабар надоданро 17%%-и пурсидашудагон ба хатар доштани он, 16% – ба ҳеҷ маъное надоштани он, 14% – ба бовар надоштан ба имкони чизеро исбот кардан ва 11% – ба ҳарос доштан аз аэътирофи ҷалби худ ба амалҳои коррупсионӣ нисбат додаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.