Ҳосили пахта аз соли гузашта зиёдтар, вале аз нақша камтар аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То имрӯз кишоварзони тоҷик 312 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта қариб 40 ҳазор тонна зиёдтар буда, вале аз нақшаи пешбинишуда 10% камтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, аз оғози мавсим дар ҷумҳурӣ 312,3 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 89,2%-и нақшаро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 39,5 ҳазор тонна бештар мебошад.

«Бинобар сабаби номусоидии обуҳаво бо супориши вазири кишоварзии ҷумҳурӣ гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки барои саривақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пахта ҳамаҷониба тадбирҳо меандешад», – хабар медиҳад Вазорат.

Мавсими чиниши пахта дар Тоҷикистон имсол аввали моҳи сентябр, тақрибан як ҳафта дертар аз вақти маъмулӣ шурӯъ шуд.

Гуфта мешавад, имсол дар майдони умумии беш аз 162,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, аз ин миқдор зиёда аз 155,5 ҳазор гектар – ба вилояти Хатлон, ҳудуди 4 ,2 ҳазор гектар – ба вилояти Суғд ва беш аз 2,8 ҳазор гектар – ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меоянд. То охири сол ҷамъоварии ҳудуди 345 ҳазор тонна ҳосили пахта пешбинӣ гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони умумии наздики 160 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии ҳудуди 390 ҳазор тонна ҳосил пешбинӣ шуда буд, вале ба кишоварзон ҷамъоварии ҳамагӣ каме бештар аз 270 ҳазор тонна пахта муяссар шуд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 99 ҳазор тонна камтар мебошад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки пас аз алюминий пахта маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.