Ҳосили пахта аз соли гузашта зиёдтар, вале аз нақша камтар аст

То имрӯз кишоварзони тоҷик 312 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта қариб 40 ҳазор тонна зиёдтар буда, вале аз нақшаи пешбинишуда 10% камтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, аз оғози мавсим дар ҷумҳурӣ 312,3 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 89,2%-и нақшаро ташкил дода, нисбат ба […]

То имрӯз кишоварзони тоҷик 312 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта қариб 40 ҳазор тонна зиёдтар буда, вале аз нақшаи пешбинишуда 10% камтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, аз оғози мавсим дар ҷумҳурӣ 312,3 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 89,2%-и нақшаро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 39,5 ҳазор тонна бештар мебошад.

«Бинобар сабаби номусоидии обуҳаво бо супориши вазири кишоварзии ҷумҳурӣ гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки барои саривақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пахта ҳамаҷониба тадбирҳо меандешад», – хабар медиҳад Вазорат.

Мавсими чиниши пахта дар Тоҷикистон имсол аввали моҳи сентябр, тақрибан як ҳафта дертар аз вақти маъмулӣ шурӯъ шуд.

Гуфта мешавад, имсол дар майдони умумии беш аз 162,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, аз ин миқдор зиёда аз 155,5 ҳазор гектар – ба вилояти Хатлон, ҳудуди 4 ,2 ҳазор гектар – ба вилояти Суғд ва беш аз 2,8 ҳазор гектар – ба ноҳияҳои тобеи марказ рост меоянд. То охири сол ҷамъоварии ҳудуди 345 ҳазор тонна ҳосили пахта пешбинӣ гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дар майдони умумии наздики 160 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии ҳудуди 390 ҳазор тонна ҳосил пешбинӣ шуда буд, вале ба кишоварзон ҷамъоварии ҳамагӣ каме бештар аз 270 ҳазор тонна пахта муяссар шуд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 99 ҳазор тонна камтар мебошад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки пас аз алюминий пахта маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...